Навигация
Главная > Дар бораи китобхона

Олими шинохтаи исломшиноси асри 19-20 Шайх Муҳаммадсултон Маъсумии Хуҷандӣ 8(ҳашт) ҳазор теъдод китоб доштанд, набераи он кас Арбоби шоистаи илм ва техникаи ҶТ, доктори илмҳои иытисодӣ, профессор Назаров Абдушукур Абдураҳмович инчунин зиёда аз 8(ҳашт) ҳазор теъдод китоб дорад.

Нияти  деринаи профессор Назаров А.А. сохтани бино ва ташкил кардани китобхонаи хусусӣ-шахсӣ буд, ки ӯ мехост, ки аз ин китобҳо ҷавонон ва шаҳрвандони  шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд бархурдор гарданд.

+ ба китобхонаи хусусӣ худ инчунин номи бобояш – Шайх Муҳммадсултон Маъсуми Хуҷандӣ гузошт, то ки номи бобои бузурворашро эҳё намояд.

Маысади асосии ташкили китобхонаи хусусӣ-шахсӣ – ҷавоноро ҳавасманд кардан барои хондани китоб мебошад.

Дигар маысади ташкилкунандагони китобхона – дар асоси интихоби донишҷӯёни синфҳои 10 ва 11 макотиби таҳсили умумии ҳамагон, зоҳир кардани ҷавонони боистеъдод аз оилаҳои камбизоат, ки шароити иытисодии давом додани хониш ва сайыал додани сармояи худ надоранд, дар асоси  ташкил кардани курсҳи ройгон, трейнингҳо ва вохӯриҳо бо олимони варзида, арбобони давлатӣ, пешыадамони истеҳсолот, инчунин бо пешвоёни соҳаи бизнес.

30 сентябри соли 2011, дар шароити тантанавӣ, хишти авалаи сохмони бинои китобхонаро Муовини якӯми Раиси вилояти Суғд  профессор Сангинов Чумъабой Раҳматович гузоштанд.

Бинои китобхона дар асоси услуби анъанавии тоҷикӣ ва бо ҳам пайвасти унсурҳои архитектураи муосир сохта шудааст. Китобхона статуси китобхонаи хусусии ба номи Шайх Муҳммадсултон Маъсуми Хуҷандӣ ва профессор Назаров Абдушукур Абдураҳимовичро дорад.

Китобхона моҳи апрели соли 2017 аз тарафи Вазорат Фарҳанг ҶТ ва шӯбаи фарҳанги Моыомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дастгирӣ ёфт. Китобхона аз 3 толори китобхонӣ иборат аст, ки ба 60 нафар хонанда хизмат мерасонад.

Дар китобхонаи хусусӣ имрӯз зиёда аз 8(ҳашт) ҳазор теъдоди китоб ва дигар нашрияҳо муҳайёст.
Кушодашавии китобхона:


Top