Навигация
Главная > Китобҳои Назаров

 Назаров Абдушукур. ТАКДИР. – Хуҷанд: «Ношир», 2014. – 256 с.

Дар китоби мазкур муаллиф дар бораи ҳаёт ва фаъолияти худ – тақдири хеш нақл менамояд. У айёми кудакӣ, дониищуӣ, ташаккули унвонҳои илмӣ. дар бораи оила, фаъолияти илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, фаъолияти чамъиятӣ, сафари ҳаҷ, ташкилшавии клуби профессорон саршавии сохтмони китобхонаи шахсӣ, асарҳои эҷодкардааш, аксҳое, ки лаҳзаҳои беҳтарини ҳаёти муаллиф, интишорот ва тақризҳо оид ба фаъолияти ӯ муфассал ба ёд овардааст.

Ин китоб барои хонандагони доираи васеъ равона карда шудааст.

 

 

 


Назаров А.А., Асророва М.А. ва диг. Таҳлили иқтисодии фаъолияти корхонаҳои хурд.

    Дастури таълимӣ. /Бо муҳаририи Арбоби шоистаи илм, д.и.и., профессор  А.А. Назаров/.- Хужанд:. Нашриёти «Сомон», 2003.- 247 с.

Дастури таълимӣ ба проблемаҳои замонавии таҳлили иқтисодии корхонаҳои хурд (КХ) бахшида шудааст. Дастури таълимии мазкур ҳамчун инструменти методии гузаронидани таҳлили иқтисодӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисодӣ, роҳбарон ва мутахассисони бизнеси хурд пешниҳод карда шудааст. Дар вай мақсад ва вазифаҳои гузаронидани таҳлили иқтисодӣ пешбини карда шудааст, базаи иттилоотии КХ дода шудааст, усулҳои анъанавӣ ва иқтисодию риёзии таьлил тасвир карда, истифодаи онҳо нишон дода шудааст. Гузаронидани таҳлили ин гуна ҷиҳатҳои иқтисодии КХ, ҳамчун қобилияти рақобат, фаъолияти маркетингӣ, низоми андозбандӣ, қобилияти ҳаётии молиявӣ ва дигар масъалаҳои анъанавии фаъолияти истеҳсолӣ-хоҷагидории КХ дида баромада шуда аст. Барои ҳар як мавзӯъ хулосаи мухтасар, саволҳои тафтишӣ ва санҷишҳо барои худсанҷишӣ дода шудааст.

Китоби мазкур барои донишҷуёни ихтисоси иқтисодии мактабҳои олӣ, роҳбарон ва мутахассисони корхонаҳои хурд, соҳибкорон, аспирантҳо ва ҳамчун ба он корчалонҳое, ки хоҳиши қабул кардани қарори идоракунӣ дар асоси гузаронидани таҳлили иқтисодии чуқур доранд, равона карда шудааст.


 

Top