Навигация
Главная > Китобҳои Шайх Муҳаммадсултон

 

   


Возеҳтарин бурҳон дар тафсири Уммул-Қуръон.    

25 апрели соли 1937 дасти навишта шудааст. Соли 1938 аввалин бор дар матбааи «Уммул Қуръон» аз хисоби нафакаи шахсии Шохи Арабистони Сауди –Абдулазиз ибни Абдурахмон ал-Файсал Оли Сауд аз  чоп баромадааст. Бо забони араби. Хачми китоб – 413 сах.

Китобе, ки дар даст доред, бо номи «Авзахул бурхон фи тафсири уммул-Куръон» дар олами ислом маъруф аст. Муаллифи он олими шинохта ва нуктадон – Мухаммад Султон Маъсумии Хужанди мебошанд ва ба тафсири чукур ва васеи сураи «Фотиха»-и Куръони Карим бахшида шудааст.

Хамаи афкори муаллиф бо санаду далелхо, оятхои хакикии Куръон, хадисхои Пайгамбар, номи ровихои хадис, номи китоб ва муаллифон баён гаштааст.

Муаллиф хонандаро бо акидаьои соф ва ноби ислом ошно месозад, аз тафсирхои олимони машхур, кавли сахобагони гиром ва мазохиби ахли суннат валчамоъат иктибосхо овардааст.

Тафсири мазкур бо арзиш ва дарбаргирандаи хулосахо ва назароти пешвоёни ислом аст. Онро бо услуби содда ва равиши фахмо ва тавзехоти неку овардааст, ки дарки он осон аст.


 Муҳаммадсултон Маъсумии Хуҷандӣ

Мушоҳидаҳои Маъсуми дар назди кабри бехтарини башар дар Мадинаи Таййиба, бар Паёмбари мо ва бар тамоми анбиё салавоту дуруду салом бод. –Хуҷанд; Ношир, 2014-72с.

Ташкилкунандаи чопи китоби мазкур ба забони точики набераи муаллиф – Назаров Абдушукур Абдурахимович, доктори илмхои иктисоди, профессор, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумхурии Точикистон.

 

 

 

 


 Ҳаблуш-шаръил матин ва урватуд-динил-мубин

Китоби мазкур с. 1325 ҳ. (1907 м.) огоз карда шуда, соли 1330 ҳ. (1912 м.) дар зодгохи муаллиф шахри Хучанд ба итмом расидааст.

Асар ба забони араби таълиф шуда, 1001 масъалахои акидави ва фикхиро дарбар мегирад. Максади навиштани китобро, муаллиф дар мукаддима зикр намуда, таъкид бар он мекунад, ки бо гузашти замон низоми дини Ислом бо бидъату хурофот омехта гаштааст.  Дар натича на танхо мардуми одди, балки ахли илм хам аз роьи сиротал мустаким берун рафтаанд.

Хамаи масъалахои дар китоб гирд оварда шуда, бо далелу хуччатхои котеъ, дар асоси Куръону Хадис баён гаштаанд.

Муаллиф менависад, ки имомони ахли суннат валчамоат, Имоми Аъзам Абу Ханифа, Имом Шофеи, Имом Малик ва Имом Ханбал таъкид кардаанд, ки «Агар аз кучо гирифтани кавли моро надонед, гирифтани он дуруст нест». (Кавли моро гирифтан раво нест, агар надонед, ки мо онро аз кучо гирифтаем). Имоми Аъзам гуфтаанд: «Агар Хадис сахех бошад он мазхаби ман аст».

Умедворем, ки китоби мазкур писанди хонандагон  ва толибони умуми исломи мегардад.

Ҷудо кардани комёбон аз махрумшудагон дар озод ва чудо кардани дину тавхиди пайгамбарон

Соли (19….) 1421 хичри дар матбааи «Дори ибни Чавз»» аз  чоп баромадааст. Бо забони араби. Хачми китоб – 386 сах.

Ин китоб дуввум маротиба дар китобхонаи «Дори ибни Чавз» – и мамлакати Арабистони Сауди соли 1421 хичри ба чоп расидааст. Мухаккики ин китоб Али ибни Хасани Халаби буд, ба чоп омодакунандаи китоб низ мебошад. Муаллиф дар мукаддимаи китоб таърихи огози эчоди ин асарро баён кардаанд, ки он тобистони 1365 соли хичри мебошад.

Муаллиф китобро бо мукаддима огоз карда максаду мароми худро бо эчоди ин асар баён мекунанд. Китобро ба ду фасли бузург чудо кардаанд. Фасли аввалро ба оятхо ва хитобхои Куръони, ки ба тамоми мардум(новобаста ба имону эътикоди онхо) таалук дорад, зикр кардаанд. Фасли дуввум бахшида шудааст ба оят ва хитобхои Куръони, ки махсус бар ахли имон мебошад. Баъди ду фасли бузург муаллиф боз ду фасли кутоху мухтасарро зикр мекунанд. Фасли аввал дар баёни холати ахли китоб, ки чи гунна бо китобхои осмони муомила карданд ва фасли дуввум дар баёни вочиб будани амал ба Куръон ва хатари тарки он мебошад. Баъди ин фаслхои зикршуда муаллиф фаслро ба хадисхои набави бахшидаанд, ки мавзуъи вочиб будани амал ба Куръонро дарбар мегирад.

 

 

 

 


Top